Декабр 09, 2018 18:06 Asia/Dushanbe
  • Украина Русияро муттаҳам ба дахолат дар эътирозоти Фаронса кард

Созмони амнияти Украина СБО муддаӣ шуд, ки Русия дар эътирозоти ҷилиқазардҳо дар Фаронса нақш дорад.  

Созмони амнияти Украина дар Фейсбуки худ баёнияи Васил Гритсак, раиси ин созмонро мунташир карда, ки дар он иддао шудааст, Кремлин бо шеваҳои мухталиф саъй мекунад, субот Аврупоро барҳам бизанад, зеро онро таҳдиде барои худ мехонад.  

Вай афзуд, Маскав дар солҳои ахир талош кардааст, нерӯҳои сиёсии радикал дар Аврупоро таҳти контрол бигирад.  

Ба гуфтаи Васил Гритсак, Русия аз конфронси раҳбарони аҳзоби рости Аврупо ва гирдиҳамоии байналмилалии муҳофизакорон ва эътилофи инқилобии ҷаҳон ҳимоят мекунад.  

Гритсак дар ин баёния муддаӣ шуд, ки бо кумаки Русия садҳо террорист аз Аврупо дар манотиқи Донбасс ва Қрим гирдиҳам омадаанд.  

Вай гуфтааст, ки нерӯҳои тундрав дар Фаронса бо ҳамоҳангии маъмурони Созмоин амнияти федерали Русия ва созмони зиддииттилоотии артиши Русия фаъолият мекунанд.  

Дар баёния тасреҳ шудааст, ки созмонҳои иттилоотии Русия эътирозоти мушобеҳ дар Белгия, Олмон, Испания, Булғористон ва бархе кишварҳои аврупоиро тадорук мебинанд.  

Эътирозҳои зиддидавлатӣ дар Фаронса аз 17 ноябр дар мухолифат ба афзоиши молиёти сӯхт оғоз шуда, ки токунун чаҳор кушта барҷой гузоштааст.