Декабр 11, 2018 10:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори вазири адлияи Туркия ба Арабистон дар бораи парвандаи қатли Хошуқҷи

Вазири адлияи Туркия ба Арабистон ҳушдор дод, радди дархости Анкара барои истирдоди мазнунони қатли рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ ба Туркия паёмадҳои ногуворе хоҳад дошт.

Ба гузориши ИРНА, Абдулҳамид Гул рӯзи душанбе дар вокуниш ба изҳороти ахири Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистон, ки гуфта буд, Риёз афроди мавриди дархости Туркияро ба ин кишвар таҳвил нахоҳад дод, гуфт, агар Риёз ба парҳез аз ҳамкорӣ дар парвандаи қатли Хошуқҷи идома диҳад, Анкара парвандаро ба маҷомеи байналмилалӣ хоҳад фиристод. Вазири адлияи Туркия рӯйкарди Арабистонро дар бораи парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ ғайридипломатӣ ва ғайрисозанда хонда афзуд, ҷузъиёти қатли Хошуқҷи бояд бидуни ҳеҷ гуна пинҳонкорӣ барои ҷаҳониён рӯшан шавад.

Додситонии кулли Туркия дар ҳукми ҷадиде аз Арабистон хостааст, Аҳмад Аласирӣ, раиси Хадамоти амнияти Арабистон ва Сауд Алқаҳтонӣ, мушовири ӯро барои бозҷӯӣ дар иртибот бо қатли Ҷамол Хошуқҷи ба Анкара таҳвил диҳад.