Декабр 11, 2018 11:16 Asia/Dushanbe
  • Доктор Абдуллоҳ ва радди пешниҳоди Амрико дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон

Раиси иҷроияи Давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон пешниҳоди намояндаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистонро барои ба ақиб андохтани интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар рад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи душанбе дар маросиме дар Кобул таъкид кард, интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон бояд бистуми апрели соли 2019 баргузор шавад. Ӯ бо баёни ин ки мавзӯи таъхир дар баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ барои натиҷа додани раванди сулҳ ҳаргиз матраҳ нест, афзуд, баргузории ба мавқеи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва пешрафти барномаҳои сулҳ аз хостаҳои асосии мардуми Афғонистон аст.

Пеш аз ин низ гузоришҳое ҳокӣ аз таъхир дар баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон матраҳ шуда буд ва Залмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон тарҳи таъхири интихоботи раёсатҷумҳуриро то замони мушаххас шудани натоиҷи музокироти сулҳ бо гурӯҳи Толибон матраҳ карда буд.

Қарор аст, интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон бистуми апрели соли 2019 дар ин кишвар баргузор шавад.