Декабр 11, 2018 17:38 Asia/Dushanbe

Ҳудуди чаҳор ҳазор то панҷ ҳазор маймун дар ҳар нуқтае аз Деҳлии Нав ҳатто дар кохи раёсатҷумҳурии ин кишвар ҳузур доранд ва ба роҳатӣ вориди ҳар сохтмон ва минтақае мешаванд.  

Маймунҳои музоҳим дар Деҳлӣ, пойтахти Ҳинд дар мавориди бисёре зиндагии сокинони ин шаҳр ва раванди фаъолият дар марокизи сиёсии умда монанди марокизи давлатиро ҳам мухтал кардаанд.  

Ин маймунҳо натанҳо хутут ва симҳои интиқоли барқ Деҳлиро пора мекунанд, балки дар мавориде бо шикастани шишаҳои сохтмонҳои давлатӣ вориди ин сохтмонҳо мешаванд ва асноду мадорики давлатиро пора мекунанд.

Раҷини Шарма, аз сокинони Деҳлии Нав мегӯяд: Маймунҳо гоҳе ҳатто аснод ва мадорикеро, ки афрод дар даст доранд, аз онҳо мегиранд ва баъд ин аснодро пора мекунанд. Онҳо аз дар ва девор ва хонаҳои мардум боло мераванд.  

Перя Синг, яке дигар аз сокинони Деҳлӣ мегӯяд: Аслан наметавон дар муҳити боз ва дар баробари чашмони ин маймунҳо ғизо хурд.

Масъулони Ҳинд ахиран чиҳил нафар аз мураббиёни гирифтан ва омӯзиши маймунҳоро истихдом кардаанд, то бо кумаки онҳо битавонанд маймунҳои Деҳлии Навро контрол кунанд.