Пайдо шудани корти шиносоии Путин дар бойгонии Вазорати амнияти Олмон
Декабр 12, 2018 13:16 Asia/Dushanbe
Дар бойгониҳои Вазорати амнияти давлати Олмони Шарқӣ (Штази), корти шиносоӣ ба номи раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ёфтаанд.
Ба гузориши “Спутник”, рӯзномаи олмонии “Билд” навишт, корти шиносоии Путин дар бойгонии бахши “персонал ва мадорики таҳсилӣ” дида шудааст.
Путин то авохири солҳои мавҷудияти ҷумҳурии демократи Олмон, корманди Вазорати амнияти Олмони Шарқӣ буд.
Ин корти шиносоӣ 31 -уми декабри соли 1985 дода шуда ва барои давраи се моҳ то поёни соли 1989 тамдид шудааст.
Дар ин санад имзои Путин ҳам дида мешавад.