Декабр 12, 2018 15:05 Asia/Dushanbe
  • Марги шаш муҳоҷири афғон дар сармо

Шаш муҳоҷири афғон дар роҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Туркия бар асари сармо ҷон бохтанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии садо ва симо, ин қурбониён ҳамагӣ аъзои як хонавода аз вилояти Балх, дар шимоли Афғонистон будаанд, ки дар марзи Туркия бо Эрон бар асари сармои шадид ҷон супурдаанд.

Полиси Байналмилал пайкарҳои ин шаш муҳоҷири афғонро ба вилояти Ҳирот мунтақил кардааст.

Бастагони ин ҷонбохтагон иллати муҳоҷирати онон ба Туркияро набуди кор дар Афғонистон эълом ва таъкид карданд, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва амнияти рӯҳиву равонӣ дар ин кишвар мардумро маҷбур ба фирор аз хонаҳояшон мекунад.

 

Барчасп