Декабр 13, 2018 17:01 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Амрико аз таҳрими Покистон

Давлати Амрико аз таҳрими Покистон бо иддаои нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар ин кишвар, ақибнишинӣ кард.

Ба гузориши Форс, вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард, ки ба далели манофеи миллии ин кишвар, номи Покистонро аз феҳристи кишварҳои нақзкунандаи озодии динӣ ҳазф мекунад.

Сафорати Амрико дар Исломобод ҳам бо таъйиди хабари ҳазфи номи Покистон аз феҳристи кишварҳое, ки Амрико муддаӣ аст, ноқизи озодии динӣ ҳастанд, эълом кард, Вашингтон қасди таҳрими Исломободро надорад.

Майк Пампео вазиир умури хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе дар баёнияе 13 кишвар, аз ҷумла Эрон, Чин, Русия ва Покистонро ба нақзи озодиҳои мазҳабӣ муттаҳам кард.

Вазорати умури хориҷаи Покистон дар эътироз ба ин иқдоми Амрико зимни эҳзори сафири ин кишвар дар Исломобод, маротиби эътирози худро ба вай иблоғ кард.

Ширин Мазорӣ вазири ҳуқуқи башари Покистон ҳам гузориши Амрикоро дар хусуси нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар он кишвар, талоше барои фишори сиёсӣ зидди Исломобод донист.

 

Барчасп