Декабр 13, 2018 18:03 Asia/Dushanbe
  • Дар охирин рӯзи музокирот Англия ба музокироти сулҳи Яман пайваст

Вазири хориҷаи Англия ба ҳамроҳи дабири кулли Созмони Милал дар охирин рӯзи музокирот, таҳти ҳимояти Созмони Милал барои барқарории сулҳ дар Яман ба Шветсия рафт.

Ҷереми Ҳант, вазири хориҷаи Англия дар ҷараёни ин сафар бо тарафайни музокиракунандаи яманӣ дар Шветсия, дидору гуфтугӯ кард.

Ҳант пеш аз ин сафар гуфт, Яман шоҳиди фоҷиабортарин буҳрони инсонӣ дар ҷаҳон аст ва ин музокироти сулҳ беҳтарин фурсат дар ин солҳо барои ҳаракат ба сӯи ҳалу фасли сиёсии буҳрон аст. Ман аз талошҳои таърихии намояндаи вижаи СММ дар овардани ҷиноҳҳои мухталиф барои аввалин бор ба мизи музокирот, аз соли 2016 токунун тақдир мекунам.

Ҳант имрӯз (панҷшанбе) дар “Твиттер” эълом кард, гуфтугӯ меҳвари асосӣ барои таҳаққуқи сулҳ дар Яман аст. Ман дар ҳангоми ҳузурам дар Шветсия, бо ду ҳайати давлат(мустаъфӣ)-и Яман ва ҳайати Ансоруллоҳ дидор кардам.

Вай идома дод, ҳадаф аз дидор бо ин ду ҳайат, таъкид бар ниёзи тарафҳо барои идомаи фаъолитҳои муштарак ҷиҳати дастёбӣ ба роҳи ҳалли сиёсӣ буд. Ройзаниҳои Шветсия ҳикоят аз талошҳои бисёре дошт, ки тавассути фиристодаи СММ ба Яман, ҷиҳати дастёбӣ ба созиши сиёсӣ сурат гирифт ва Англия барои ҳимоят аз талошҳои Созмони милал дар ин хусус талош мекунад.

Ин музокирот дар Шветсия бо ҳузури намояндагони давлати Яман ва ҳавсиҳо ва Мартин Гриффитс, намояндаи СММ баргузор шуд.