Декабр 13, 2018 20:10 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Ашраф Ғанӣ бар густариши ҳамкориҳои минтақа

Раисиҷумҳури Афғонистон бар лузуми ҳамкорҳои минтақаӣ дар заминаҳои мухталифи тиҷорӣ ва иқтисодӣ таъкид кард.

Ба газроши хабаргузории Шафақно, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи панҷшанбе дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳи транзитии Лоҷвард дар Ҳирот дар ғарби Афғонистон гуфт, давлати Кобул дарсадади густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа аст.

Раисиҷумҳури Афғонистон афзуд, бо ифтитоҳи гузаргоҳи транзитии Лоҷвард мавонеи иртиботи Афғонистон бо ҷаҳон бардошта шуд.

Ба дунболи ифтитоҳи расмии гузаргоҳи транзитии Лоҷвард тавассути раисиҷумҳури Афғонистон, қарор аст, нахустин маҳмула аз амволи тиҷории Афғонистон роҳии бозорҳои Аврупо шавад.

Роҳи Лоҷвард, Афғонистонро аз масири кишварҳои Туркманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон ба Туркия васл мекунад.