Декабр 15, 2018 19:27 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳи Yale: Таъйини таърихи марги инсон имконпазир шуд

Пажӯҳишгарони донишгоҳи Йеле (Yale)-и Амрико фанноварии таъйини рӯзи марги ҳаркасеро ихтироъ кардаанд.

Ба гузориши Спутник, Морган Левин(Morgan Levine), яке аз пажӯҳишгарон гуфт, барои таъйини сини биологии инсон анҷоми озмоиши хуни кофӣ аст ва ба зуддӣ ҳар пизишк хоҳад тавонист дар сурати тамоюли бемор, таърихи тақрибии марги вайро пешбинӣ кунад.

Чанде пеш дар маркази тиббии Амрико ба номи «Бет-Исли», супер роёнае муаррифӣ шуд, ки қодир ба мутолиаи ҳаҷми азиме аз додаҳост ва метавонад таърихи марги беморро муҳосиба кунад.

Диққати пешбинии ин роёна 96 дарсад аст ва дар он иттилооте дар бораи беш аз 250 ҳазор мавриди клиники дар 30 соли ахир дарҷ шудааст.

Ин роёна иттилооташро бо шохисҳои фаъолияти ҳаётии бадани бемор, фишор, сатҳи оксиген дар хун, иттилооти биохимии хун ва ғайра муқоиса ва таъйин мекунад, ки бемор то чӣ муддати дигар зинда хоҳад монд.

Ин роёна ҳамчунин метавонад, бемориҳои камёб ва пинҳониро дар бадани бемор кашф кунад, ки мумкин аст аз назари пизишк дур бимонад.