Декабр 16, 2018 16:00 Asia/Dushanbe
  • Такмили  ҳисоркашии марзи муштараки Покистон бо Афғонистон то соли 2019

Сухангӯи артиши Покистон аз такмили ҳисоркашии марзи муштарак бо Афғонистон то декабри соли 2019 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Осаф Ғафур бо ишора ба инки кишвараш 2611 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад гуфт: Беш аз 802 километр аз ин марз ҳисоркашӣ шудааст ва талош барои идомаи эҷоди монеаҳои марзӣ идома дорад.

Сухангӯи артиши Покистон ҳамчунин бо таъкид бар инки эҷоди мавонеи марзӣ дар марз бо Афғонистон аз авлавиятҳои Исломобод аст, афзуд: Монеаҳои марзӣ фаъолияти террористҳоро дар марзи муштарак мутаваққиф мекунад ва нақши муассире дар эҷоди амният хоҳад дошт.

Ин дар ҳоле аст, ки Афғонистон ба эҷоди монеаҳои марзӣ тавассути Покистон мӯътариз аст ва мақомоти давлатии ин кишвар мӯътақиданд, ин ҳисоркашӣ ҳеҷ кумаке ба таъмини амнияти марзҳои муштарак намекунад.