Декабр 16, 2018 20:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти мардуми Канада аз ҷунбиши ҷилиқазардҳо дар Фаронса

Муътаризони канадаӣ, бо пушидани ҷилиқаҳои зард ва бо илҳом гирифтан аз тазоҳуроти саросарии Фаронса дар хиёбонҳои шаҳрҳои мухталифи Канада роҳпаймоӣ карданд.

Тазоҳуроти ҷилиқазардҳо дар эътироз ба сиёсатҳои давлати Канада ҳамчунин ҳимоят аз мардуми Фаронса дар чандин шаҳри мухталифи Канада баргузор шуд.

Даҳҳо нафар аз муътаризон, бо таҷаммуъ дар баробари Шӯрои шаҳри Галифакс аз сиёсатҳои Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада ба шиддат интиқод карданд.  

Тазоҳуроти мушобеҳе низ дар шаҳрҳои Торонто, Эдмонтон ва Винни Паки Канада баргузор шуд.