Баёнияи нишасти сеҷонибаи Афғонистон, Покистон ва Чин дар Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40234-Баёнияи_нишасти_сеҷонибаи_Афғонистон_Покистон_ва_Чин_дар_Кобул
Вазирони умури хориҷаи Чин, Покистон ва Афғонистон дар баёнияи нишасти се ҷонибаи Кобул, бар лузуми кумаки ҳамаи аҳзоб ва Толибон барои барқарории сулҳ ва поён додан ба хушунатҳо дар Афғонистон таъкид карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 17, 2018 11:28 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи нишасти сеҷонибаи Афғонистон, Покистон ва Чин дар Кобул

Вазирони умури хориҷаи Чин, Покистон ва Афғонистон дар баёнияи нишасти се ҷонибаи Кобул, бар лузуми кумаки ҳамаи аҳзоб ва Толибон барои барқарории сулҳ ва поён додан ба хушунатҳо дар Афғонистон таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, нишасти ду рӯзаи Салоҳиддин Раббонӣ, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ва Ван И (Wang Yi), вазирони умури хориҷаи Афғонистон, Покистон ва Чин рӯзи якшанбе бо судури баёнияе дар бораи сулҳ ва мавзӯи терроризм дар Афғонистон бакори худ поён дод.

Дар ин баёния омадааст: “Ҳамаи аҳзоби Афғонистон ва гурӯҳи Толибон бояд барои поён додан ба хушунат ва куштори мардуми бегуноҳи кишвар ба музокироти сулҳ кумак кунанд”.

Вазирони умури хориҷаи Афғонистон, Покистон ва Чин дар ин баёния бо таъкид бар талоши се кишвар барои тақвияти зербиноҳо дар чорчӯби муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон тасреҳ карданд, ба ҳеҷ гурӯҳе иҷозаи фаъолияти террористӣ дар Афғонистонро намедиҳанд.

Нишасти сеҷонибаи Кобул, ки аз рӯзи шанбе оғоз шуд, дувумин нишасти сеҷониба дар сатҳи вазирони хориҷаи Афғонистон, Покистон ва Чин башумор меравад.

Дар аввалин рӯзи баргузории ин нишаст, тафоҳумномаи ҳамкории муштарак барои мубориза бо терроризм байни се кишвар имзо шуд.

Аввалин нишасти сеҷонибаи Афғонистон, Покистон ва Чин соли гузашта дар Чин баргузор шуд.