Декабр 18, 2018 18:28 Asia/Dushanbe
  • Нахустин Ҷашнвораи ғизоҳои суннатии эронӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва афғонӣ дар Бишкек

Нахустин Ҷашнвораи ғизоҳои суннатии эронӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва афғонӣ ба мизбонии Муҷтамаи омӯзишии имом Хумайнӣ (р) дар Бишкек баргузор шуд.

Ба нақл аз Форс, дар ин маросим мақомоти сафорати Эрон дар Қирғизистон, донишомӯзони ин муҷтамаи омӯзишии донишҷӯёни донишгоҳи улум инсонӣ ва фаъолони иҷтимоии афғонистонӣ ва тоҷикӣ ҳузур доштанд.

Аввалин Ҷашнвораи ғизоҳои суннатӣ барои тақвияти дӯстии мардумони минтақа ва ошноӣ бо одоб ва русуми ақвоми мухталиф ва ҳамчунин ба муносибати фаро расидани замистон ва шаби Ялдо баргузор шуд.

Мардуми қирғиз ба Ялдо “чилда” ба маънии сардтарин шаби замистон мегӯянд ва эътиқод доранд, ки пас аз ин шаб табиат эҳё ва барои фасли баҳор омода мешавад.