Декабр 18, 2018 19:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Путин ба хуруҷи Амрико аз паймони мушакҳои ҳастаӣ

Раисҷумҳури Русия гуфт, агар Вашингтон аз паймони манъ ва густариши мушакҳои ҳастаии миёнбурд хориҷ шавад, иқдомотеро барои дифоъ аз амнияти Русия дар пеш хоҳем гирифт.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ишора ба ин, ки тавони сегонаи ҳастаии Русия ба шакли қобили таваҷҷуҳе тақвият шудааст, афзуд: Маъмурияти аслии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар соли оянда, афзоиши тавони сегонаи ҳастаӣ аст.  

Раисҷумҳури Русия бо ишора ба эҳтимоли хуруҷи Вашингтон аз паймони манъ ва густариши мушакҳои ҳастаии миёнбурд гуфт: Таслиҳоти ҷадиди Русия, афродеро, ки аз лаффозиҳои таҳоҷумӣ истифода мекунанд, ба фикр вомедорад.