Декабр 18, 2018 20:09 Asia/Dushanbe
  • Маскав дар соли 2018 мизбони 23 миллион гардишгар буд

Шумори гардишгарон дар пойтахти Русия имсол ба беш аз 23 миллион нафар расида, ки дар муқоиса бо 2010 ҳудуди 13 миллион нафар ё ба иборате 84 дарсад афзоиш доштааст.

Дафтари матбуотии шаҳрдории Маскав эълом кард, ки то поёни 2018 теъдоди гардишгароне, ки аз ин шаҳр дидан кардаанд, ба беш аз 23 миллиону 500 ҳазор нафар хоҳад расид, ки ин мизон дар муқоиса бо соли гузашта низ 9 дарсад афзоиш дорад.

Image Caption

Шаҳрдории Маскав хиёбонҳои зебо, паркҳои густарда, фаъолияти олии васоили ҳамлу нақли умумӣ, эҷоди ҳотелҳои ҷадид ва густариши иқдомоти фарҳангӣ, варзишӣ ва тафреҳӣ дар пойтахтро аз ҷумлаи авомили муҳим дар афзоиши алоқамандии гардишгарони хориҷӣ ба шаҳри Маскав унвон кард.

Маҳбубтарин рӯйдодҳо барои гардишгарони хориҷӣ, ҷашнвораҳои байналмилалии мутааддиди баргузоршуда дар Маскав аз ҷумла Ҷашнвораи “Гардиши хиёбонӣ дар крисмас” барои рӯзҳои поёнии сол аст, ки аз ҳамакнун дар пойтахти Русия оғоз шуда ва шукӯҳ ва зебоии хоссе ба ин шаҳр бахшидааст.