Декабр 19, 2018 13:19 Asia/Dushanbe
  • Никки Ҳейли: Бин Салмон рафторҳои ваҳшиёнаи худро канор бигузорад!

Никки Ҳейли, намояндаи мустаъфии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид бо интиқод аз Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ дар парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷи эълом кард, ӯ бояд рафторҳои ваҳшиёнаашро канор бигузорад.

Ба гузориши торнамои Ҳил, Никки Ҳейли рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон эълом кард, валиаҳди Арабистон барои қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ, ба мо як посухгӯии шаффоф қарздор аст.

Намояндаи мустаъфии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид зимни интиқод аз Муҳаммад бин Салмон дар парвандаи қатли Хошуқҷи эълом кард, ӯ бояд иқдомоти ваҳшиёнаашро канор бигузорад.

Никки Ҳейли дар январи соли 2017 ба унвони намояндаи Амрико дар Созмони Милал интихоб шуд, аммо чанде пеш дар тасмими ғайримунтазира аз ин симмат истеъфо дод.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта Ҳедер Найерт, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрикоро ба унвони гузинаи худ барои ҷонишинии Никки Ҳейли муаррифӣ кард.

Ҷамол Хошуқҷи дувуми октябри имсол дар дохили консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия ба қатл расид.

Арабистони Саудӣ то чанд ҳафта аз масъалаи қатли ӯ изҳори беиттилоӣ кард, аммо дар ниҳоят бар асари фишорҳои байналмилплӣ маҷбур ба эътироф шуд. Қатли Хошуқҷи бо эътирозот ва хашми ҷаҳонӣ ҳамроҳ шуд.