Декабр 19, 2018 19:23 Asia/Dushanbe
  • Тардиди Аврупо дар бораи муваффақияти тарҳи муомилаи қарни Амрико

Иттиҳодияи Аврупо дар бораи шикасти тарҳи муомилаи қарни Амрико барои ҳалли масъалаи Фаластин ва Исроил ҳушдор дод.  

Шуморе аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияе эълом карданд, ки тарҳи мавриди назари раисҷумҳури Амрико дар заминаи ҳалли масъалаи миёни фаластиниён ва режими саҳюнистӣ мавсум ба муомилаи қарн дар сурате, ки бар мабнои параметрҳои ҷаҳони набошад, шикаст хоҳад хурд.

Дар баёнияи Фаронса, Нидерланд, Полша, Шветсия, Британия, Белгия, Олмон ва Италия, ки дар паи Нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал дар бораи Ховари Миёна мунташир шуд, омадааст: “Мо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо таъкид мекунем, ки параметрҳои ҷаҳонии тавофуқшуда барои таҳаққуқи сулҳи пойдор дар Ховари Миёна бояд идома дошта бошад ва ин мавзуъ таҳти қавонини ҷаҳонӣ, қатъномаҳои Созмони милал ва мувофиқатномаҳои қаблӣ сурат гирад”.

 

 

Барчасп