Дувумин фарди қадбаланди дунё дар бемористони Карочӣ бистарӣ шуд
Декабр 21, 2018 16:47 Asia/Dushanbe
Дувумин фарди қадбаланди дунё аҳли Покистон аст, ки ба иллати мушкилоти танаффусӣ дар бемористони Карочӣ бистарӣ шудааст ва пизишкони ҳоли вайро ногувор гузориш карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Насир Шумиру дувумини фарди қадбаланд дар дунёст, ки ба иллати мушкилоти танаффусӣ дар бемористони Карочӣ бистарӣ шудааст ва пизишкон эълом карданд 24 соати оянда барои зинда мондани Шумиру аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.
Насир Шумиру муҳандис, нависанда ва корманди ширкати миллии ҳавопаймоии Покистон аст ва таълифоте ба забон сидӣ, урдӯ ва англисӣ дорад.
Ширкати миллии ҳавопаймоии Покистон ва теъдоде аз мақомоти ин кишвар аз мардум дархост карданд барои саломатии Шумиру дуо кунанд.