Декабр 22, 2018 13:56 Asia/Dushanbe
  • Русия тавофуқ бо Амрико барои хуруҷ аз Сурияро рад кард

Кремл гузоришҳоеро, ки муддаӣ шуда буданд, хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия натиҷаи тавофуқи Вашингтон ва Маскав аст, рад кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алмаёдин, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гузоришҳоеро, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурияро натиҷаи тавофуқи Вашингтон ва Маскав унвон карда буданд, беасос номид.

Дар ин гузоришҳо ҳадафи тавофуқи Русия ва Амрико барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия муқобила бо ҷараёни муқовимат унвон шуда буд.

 Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чаҳоршанбеи гузашта дар ёддошти твиттерии худ аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия хабар дод.

Амрико ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, ба таври ғайриқонунӣ (бидуни иҷозаи давлати Сурия) дар Сурия ҳузури низомӣ дорад.

Мақомоти Сурия борҳо таъкид карданд, иқдомоти Амрико дар Сурия ба манзалаи ишғоли хоки ин кишвар аст.