Декабр 23, 2018 18:14 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли идомаи таътилии давлати Амрико то баъд аз Крисмас

Маҷлиси Сенати Амрико бидуни дастёбӣ ба ҳеҷ тавофуқе барои поён додан ба таътилии давлати Амрико ба таътилот рафт.

Гуфтугӯ миёни намояндагони ҳизби демократ дар сенат ва мақомоти Кохи Сафед дар бораи будҷаи амнияти марзӣ ба назар ҳеҷ пешрафте надошта ва ҳамин амр сабаб шудааст, Макконнелл, раиси аксарият дар Сенати Амрико намояндагонро ба хонаҳояшон бифиристад.  

Макконнелл эҳтимоли баргузории раъйгирӣ барои бозгушоии давлатро дар рӯзҳои оянда муҳтамал донист, аммо фароҳам кардани муқаддамоти раъйгирӣ дар сенат ва сипас маҷлиси намояндагон дар даврони таътилот муҷиб мешавад, ҳалли авзоъ душвор шавад.

Қарор аст, Сенати Амрико панҷшанбе дубора ташкили ҷаласа диҳад.

Бо авзои пешомада эҳтимол дорад, таътилии давлат то баъд аз таътилоти Крисмас тӯл бикашад.