Декабр 23, 2018 20:08 Asia/Dushanbe

Муовини раиси иҷроии давлати Афғонистон гуфт: Бархе ахбор вуҷуд дорад, ки амрикоиҳо дар пушти парда бо Толибон ба тавофуқ расидаанд ва акнун талош доранд, онҳоро ба қудрат бирасонанд, ки албатта шавоҳиди он низ ошкор шудааст.  

Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистон афзуд: Афғонистон қаблан иддао мекард, ки бо нерӯҳои хориҷӣ меҷангад, аммо акнун мебинем, ки бо ҳамла ба ҳазораҳо дар Афғонистон, Амрикоро фаромуш карда ва ба ҷони мардуми Афғонистон афтодааст ва аҷиб инки Амрико низ ҳамчун бародархондаи Толибон аз канори ин ҷиноёти хунбор бо сукут гузаштааст.

Вай таъкид кард: Шавоҳиди ҷиддӣ аз иртиботи Амрико бо Толибон вуҷуд дорад, то бо афзоиши ноамнӣ ва бародаркушӣ, боиси эҷоди ҷанги дохилӣ дар Афғонистон ва тафриқаи бештар шаванд.

Ин мақоми афғон гуфт: Ҳузури нерӯҳои хориҷӣ омили ҳаводиси террористӣ ва ноамнии Афғонистон ва танҳо тавҷеҳгари ҳузури амрикоӣ ва баҳонае барои иқдомоти террористии бархе аз гурӯҳҳои ифротӣ шудааст дар ҳоле, ки Амрико бо ин гурӯҳҳо дар пушти парда музокира мекунад ва ба тавофуқҳое ҳам даст ёфтааст.