Дастури хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия имзо шуд
Вазири дифои мустаъфии Амрико дар охирин рӯзҳои кории худ дар Пентагон, дастури хурӯҷи низомиёни амрикоиро аз Сурия, имзо кард.
Ба гузориши СНН, ин дастури Ҷеймз Матис мушаххас мекунад, ки нерӯҳои амрикоӣ ба чӣ сурат ва чӣ замоне Сурияро тарк мекунанд.
Пентагон, ҷузъиёти барномаи хурӯҷи нерӯҳои амрикоиро аз Сурия, мунташир накардааст.
Пас аз нокомии сиёсатҳои Амрико дар Сурия, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта ба таври ногаҳонӣ эълом кард, Вашингтон ҳудуди ду ҳазор нерӯи худро аз Сурия хориҷ мекунад.
Трамп дар тавҷеҳи ин тасмими худ муддаӣ шуд, ки Амрико барои шикасти ДИИШ дар Сурия ҳузур ёфта буд ва акнун ДИИШ шикаст хӯрдааст.
Тасмими ногаҳонии Трамп барои хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия бо мухолифатҳои бисёре ҳамроҳ шуд ба тавре, ки Матис дар эътироз ба ин тасмим ва бе иттилоӣ аз он, аз мақоми худ истеъфо кард.
Дар ҳоле, ки интизор мерафт Матис тибқи истеъфономааш дастикам то ду моҳи дигар дар мақоми худ боқӣ бимонад, раисиҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе дар паёми “Твиттер”-ӣ Patrick M. Shanahan, муовини Матисро ба унвони сарпарасти вазорати дифо мансуб ва эълом кард, ки вай кори худро аз аввали январи 2019, ҳудуди як ҳафтаи дигар, оғоз хоҳад кард.