Декабр 24, 2018 13:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷон бохтагони Сунамӣ дар Индонезия

Шумори ҷон бохтагони вуқӯи Сунамӣ дар Индонезия ба 222 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, мақомоти Индонезия эълом карданд, фаврони оташфишони Кракатау, ки ба вуқӯи заминларза дар бистари дарё ва пас аз он вуқӯи Сунамӣ дар тангаи Сунда дар ин кишвар мунҷар шуда, ҳамчунин 843 нафар масдум шуданд.

Дар ин ҳодиса, ки бомдоди якшанбе рӯй дод, даҳҳо нафари дигар ҳам мафқуд(гум) шуданд.

Пештар манобеи хабарӣ шумори ҷон бохтагони ин Сунамиро 168 нафар ва масдумонро 745 нафар эълом карда буданд.

Мардуми Индонезия дар моҳҳои ахир зилзилаҳо ва сунамиҳои маргбори зиёдеро таҷруба карданд.

Зилзила ва Сунамии 28 сентябр дар ҷазираи Сулавеси (Sulawesi), шимоли Индонезия 2 ҳазору 200 кушта ва ҳазор нафар мафқуд ва ҳазорон нафар бехонумон барҷо гузошт.

 

Барчасп