Декабр 24, 2018 13:58 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Руҳонӣ ба муносибати ҷон бохтани садҳо шаҳрванди Индонезия

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме кушта ва захмӣ шудани садҳо тан аз шаҳрвандони Индонезия дар асари вуқӯи Сунамиро ба давлат ва миллати ин кишвар таслият гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (душанбе) дар паёме ба Ҷоко Видодо “Joko Widodo), раисиҷумҳури Индонезия бо давлат ва миллати ин кишвар ва мусибатзадагони ҳодисаи вуқӯи Сунамӣ, ибрози ҳамдардӣ кард.

Руҳонӣ барои бозмондагони ин ҳодиса, сабр ва шикебоӣ орзӯ кард.

Сунамии бомдоди якшанбе тангаи Сундаи Индонезияро дар навардид.

Сухангӯи Ожонси мудирияти буҳрони миллии Индонезия гуфт, бар асари ин Сунамӣ 280 нафар ҷон бохтаанд ва аз сарнавишти дастикам 57 нафари дигар низ хабаре нест.

 

Барчасп