Дархости писари Қаззофӣ аз Путин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40438-Дархости_писари_Қаззофӣ_аз_Путин
Писари Муаммар Қаззофӣ, диктатори собиқи Либия дар номае ба раисҷумҳури Русия аз вай дархости ҳимоят кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 25, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • Дархости писари Қаззофӣ аз Путин

Писари Муаммар Қаззофӣ, диктатори собиқи Либия дар номае ба раисҷумҳури Русия аз вай дархости ҳимоят кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ҷузъиёти муҳтавои номаи Сайфулислом Қаззофӣ ба Владимир Путин мунташир нашуда, аммо гуфта мешавад, фарзанди Қаззофӣ дар ин нома дархост кардааст, ки Путин аз вай барои расидан ба қудрат ҳимоят кунад. Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷӣ ва намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна ва Африқо дар вокуниш ба ин нома гуфт, Сайфулислом Қаззофӣ бояд бахше аз раванди сиёсии Либия бошад.

Камтар аз як моҳ пеш низ намояндаи Қаззофӣ дар дидор бо Богданов дар Маскав ифои нақши пуррангтари Маскавро дар таҳаввулоти Либия хостор шуда буд.

Богданов пештар ҳам эълом карда буд, ки Маскав аз ҳама тарафу гурӯҳҳо дар шарқ, ғарб ва ҷануби Либия ҳимоят мекунад ва муътақид аст, ҳеҷ кас набояд аз раванди сиёсии Либия канор зада шавад.

Мухолифони Сайфулислом ҳар гуна фаъолияти сиёсии вай, аз ҷумла тамос бо русҳоро талоше барои бозгашти диктатураи Қаззофӣ ба Либия ва талаби мусоидат аз хориҷиҳо қаламдод мекунанд.