Декабр 25, 2018 11:45 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи милоди ҳазрати Исои Масеҳ (а)

Имрӯз, 25 декабри соли 2018 солрӯзи милоди фархундаи ҳазрати Исои Масеҳ (а) аст.

Ҳазрати Исои Масеҳ (а), ки дар Қуръони карим аз вай ба номи Рӯҳуллоҳ ёд шуда, фарзанди ҳазрати Марям (раз.) аст.

Ҳазрати Исои Масеҳ (а) бо тасдиқи “Таврот”, китоби осмонии яҳудиён башорат дод, ки “баъд аз ман Расуле хоҳад омад, ки номаш Аҳмад (ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари бузургвори Ислом) хоҳад буд”.

Масеҳиён дар рӯзи милоди фархундаи ҳазрати Исои Масеҳ (а), паёмбари бузурги илоҳӣ оини вижае баргузор мекунанд, ки барафроштани дарахти коҷи сабз дар хонаҳо ошнотарини ин русум барои ҳамагон аст. Масеҳиён гарчи бар сари таърихи милоди ҳазрати Масеҳ (а) ихтилоф назар доранд, аммо Соли Нав дар ҳама кишварҳое, ки тақвими милодиро ба расмият мешиносанд, аз аввали моҳи январ оғоз мешавад. Ба ҳамин муносибат мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмҳое ба сарону мақомоти кишварҳои мухталиф ва ҳама масеҳиёни ҷаҳон фаро расидани милоди ҳазрати Исои Масеҳ (а) ва оғози соли нави 2019-ро табрик гуфтанд.

Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон милоди фархундаи ҳазрати Масеҳ (а)-ро ба ҳама пайравону дӯстдорони он ҳазрат табрик мегӯяд.