Эъломи омодагии Украина барои ҷанг бо Русия
Фармондеҳи нерӯи баҳрии Украина аз омодагии ин нерӯ барои муқобила бо ҳамлаи эҳтимолии Русия хабар дод.
Ба гузориши ҳафтаномаи «Нюс вик», Андрей Тарасов Русияро ба таҳрик барои вуқӯи ҷанг бо Украина муттаҳам карда гуфт: “Бояд вазоифи худро дар ҳифозат аз манофеи ҳокимияти Украина бар тангаи Керч эъмол кунем”. Фармондеҳи нерӯи баҳрии Украина афзуд: “Дар сурати таҷовузи Русия омодаи истифода аз қавонини мухталифи вижаи истифода аз ҷангафзорҳо ҳастем ва агар маҷбур ба ин кор шавем, онро таҳти қавонини байналмилалӣ ва Украина анҷом медиҳем”. Ин дар ҳолест, ки Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ба рағми ташдиди иқдомоти таҳрикомези Киев Маскав ба дунболи оғози ҷанг бо Украина нест.
Таниши миёни Украина ва Русия дар пайи он ташдид шуд, ки се киштии украинӣ 25-уми ноябри гузашта бо убур аз тангаи Керч, воқеъ дар байни баҳри Сиёҳ ва баҳри Азов вориди маҳдудаи обҳои Русия дар шибҳиҷазираи Қрим шуданд. Ин иқдоми Украина ба вокуниши русҳо ва тавқифи киштиҳои Украина ва хадамаи онҳо мунҷар шуд.