Декабр 25, 2018 18:57 Asia/Dushanbe

Сухангуи Вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт: Дар паи ҳамлаи террористӣ ба сохтмони вазорати кор дар Кобул 43 тан кушта ва 25 нафар захмӣ шуданд.

Нерӯҳои полиси Афғонистон тавонистанд 350 кормандро аз муҳосираи муҳоҷимон хориҷ кунанд.  

Асри дирӯз соати понздаҳ ба вақти маҳаллӣ пас аз як инфиҷори интиҳорӣ, ҳудуди чаҳор муҳоҷими мусаллаҳ ба сохтмонҳои Вазорати фавоиди омма ва сохтмони шуҳадо ва маълулони Вазорати кор ва умури иҷтимоӣ дар Кобул ҳамла карданд.

Мақомот эълом карданд, ин ҳамла пас аз ҳафт соат поён ёфтааст.