Декабр 25, 2018 19:32 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҷанги лафзии мақомоти Туркия ва Исроил

Баёнияи Вазорати дифои Туркия дар беасос хондани иттиҳомоти ахири Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил зидди артиши ин кишвар ба ҷанги лафзии байни дутараф шиддат дод.

Вазорати дифои Туркия дар вокуниш ба иттиҳомоти Бенямин Нетаняҳу эълом кард: Изҳороти нахуствазири Исроил зидди артиши Туркия бо ҳадафи инҳирофи афкори умумӣ аз иттиҳомоти фасоди вай ва мушкилоти сиёси иИсроил баён шудааст ва сиҳҳат надорад.

Дар баёния омадааст: Касоне, ки навзодонро ба гулула баста ва дастонашон ба хуни кӯдакони фаластинӣ олуда шудааст, ҳақ надоранд, ба артиши Туркия туҳмат бизананд.

Бенямин Нетаняҳу шанбе 22 декабр дар Твиттер хитоб ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон навишт: Раисҷумҳуре, ки Кипри Шимолиро ишғол кардааст ва артиши он занон ва кӯдакон дар рустоҳои курднишин дар дохил ва хориҷ аз кишварро мекушад, набояд Исроилро мавъиза кунад.

 

Барчасп