Шаҳодат додани Муборак алайҳи Мурсӣ дар додгоҳ
Ҳуснӣ Муборак, раисҷумҳури сарнагуншудаи Миср рӯзи чаҳоршанбе барои шаҳодат додан алайҳи Муҳаммад Мурсӣ ва шуморе аз раҳбарони гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар бораи ҳаводиси 2011 дар Миср, дар додгоҳи кайфарии Қоҳира ҳозир шуд.
Полис пеш аз баргузории ин ҷаласаи додгоҳ, иқдомоти амниятиро дар наздикии ин маҳал шиддат бахшида буд ва нерӯҳои амниятӣ ҳузури чашмгире дар атрофи додгоҳ доштанд.
Гуфта мешавад, шаҳодати Муборак сарнавишти Мурсӣ ва дигар раҳбарони Ихвонулмуслиминро дар ин парванда мушаххас мекунад.
Парвандаи мавриди баҳс, марбут ба 2011 ва замони инқилоби январи Миср, ҳамла ба зиндон Водиалнатрун ва ҳамла ба муассисоти амниятии ин кишвар аст.
Муборак дар додгоҳ дар бораи ин парванда ва ҳамла ба марзҳои шарқии ин кишвар гуфт, Умар Сулаймон, раиси вақти Созмони амнияти Миср 29 январи 2011 ба вай иттилоъ дод, 800 фарди мусаллаҳ бо мошин ба марзҳои шарқии кишвар ҳамла кардаанд.
Муборак муддаӣ шуд, муҳоҷимони мусаллаҳ аз нерӯҳои Ҳамос буданд, ки аз навори Ғазза барои кумак ба ихвониҳо ва эҷоди ошуб ва ҳарҷу марҷ ба дохили Миср омада буданд ва пас аз расидан ба шаҳрҳо ва ба хусус майдони Таҳрири Қоҳира, аз болои сохтмонҳои мушарраф ба майдонҳо, тирандозӣ мекарданд.
Раиси шуъбаи 11 додгоҳи кайфарии Қоҳира пас аз шаҳодати Ҳуснӣ Муборак алайҳи Мурсӣ ва Ихвонулмуслимин эълом кард, ҷаласаи баъдии ин додгоҳ 24 январи 2019 баргузор мешавад.
Муборак пеш аз ин дар ҷаласаи дувуми декабр дар додгоҳ ҳозир нашуда буд.
Додгоҳи кайфарии Қоҳира 2015 Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури собиқ, Муҳаммад Бадеъ, раҳбари Ихвонулмуслимин ва чанд тани дигар аз аъзои аршади ин ҳизбро ба эъдом маҳкум ва барои 20 тани дигар низ ҳукми ҳабси абад содир карда буд.
Додгоҳи таҷдиди назар 2016 ин аҳкомро нақз ва дастури муҳокимаи дубораи ихвониҳоро содир кард.