Декабр 26, 2018 21:54 Asia/Dushanbe
  • Интисоби намояндаи ҷадиди Русия дар Созмони ҳамкории исломӣ

Сафири пешини Русия дар Тоҷикистон бо ҳукми раисҷумҳури ин кишвар намояндаи ҷадиди Русия дар Созмони ҳамкории исломӣ шуд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҳукме Рамазан Абдулатиповро ҷойгузини Сергей Казлов дар Созмони ҳамкории исломӣ кард.

Вай пеш‍тар намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар буд ва акнун бо дараҷаи доктории фалсафа, узви академияи улуми Русия аст.

Абдулатипов зодаи Доғистон аст ва аз сентябри 2013 то октябри 2017 раиси ин ҷумҳурии худмухтор дар минтақаи Қафқози шимолӣ буд.

Намояндагии Маҷлиси оли Иттиҳоди Шӯравӣ, намояндагии Дума ва Шӯрои федератсия, муовини аввали раиси Шӯрои федератсия ва муовинати Вазорати умури миллиятҳо ва сиёсатгузории манотиқи Русия аз дигар постҳоест, ки Абдулатипов онҳоро бар уҳда доштааст.

Вай ҳамчунин аз 2005 то 2009 сафири Русия дар Тоҷикистон буд.

Ислом дувумин дини бузурги Русия аст ва ин кишвар аз 2005 ба унвони нозир дар Созмони ҳамкории исломӣ ҳузур дорад.

 

Барчасп