Сафари эъломнашудаи Трамп ба Ироқ ва вокуниши шадиди аҳзоби ироқӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40492-Сафари_эъломнашудаи_Трамп_ба_Ироқ_ва_вокуниши_шадиди_аҳзоби_ироқӣ
Сафари эъломнашудаи ва хориҷ аз урфи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Ироқ, бо вокуниши шадиди аҳзоб ва гурӯҳҳои ироқӣ мувоҷеҳ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 27, 2018 12:18 Asia/Dushanbe
  • Сафари эъломнашудаи Трамп ба Ироқ ва вокуниши шадиди аҳзоби ироқӣ

Сафари эъломнашудаи ва хориҷ аз урфи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Ироқ, бо вокуниши шадиди аҳзоб ва гурӯҳҳои ироқӣ мувоҷеҳ шуд.

Кохи Сафед эълом кард Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар сафаре аз пеш эъломнашуда вориди Ироқ шуда ва дар пойгоҳи Айналасад дар устони Аланбор дар ғарби ин кишвар бо низомиёни амрикоӣ дидор кардааст.

Трамп дар пойгоҳи ҳавоии Айналасад гуфтааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қасд надорад, нерӯҳои амрикоиро аз Ироқ хориҷ кунад.

Шабакаи телевизионии Алмаёдин ҳам дар хабаре фаврӣ эълом кард: Трамп дар пойгоҳи Айналасад таъкид кардааст, “дар сурате, ки зарурат эҷоб кунад, то Амрико дар Сурия иқдоме кунад, аз Ироқ ба унвони пойгоҳи худ истифода хоҳад кард”.

Алмаёдин ҳамчунин ба нақл аз манобеи ироқӣ гузориш дод, мақомҳои ироқӣ дархости Трампро барои дидор бо ӯ дар пойгоҳи Айналасад рад кардаанд.

Фраксияҳои Албаноъ ва Алсалоҳ ва Алемор, ки аксарияти қотеи Парлумони Ироқро дар ихтиёр доранд, дар баёнияҳое сафари Трамп ба Ироқро тавҳини ошкор ба ҳокимияти кишвари худ донистанд ва хостори баргузории ҷаласаи изтирории парлумон ва эҳзори сафири Амрико дар Ироқ шуданд.

Сафари сесоатаи Трамп ба Ироқ як ҳафта пас аз он анҷом шуд, ки вай эълом кард, низомиёни амрикоиро аз Сурия хориҷ мекунад.

Трамп ин тасмимро пас аз ҳафт сол нотавонии террористҳо дар сарнагун кардани низоми Сурия гирифт.

Шумори зиёде аз нерӯҳои низомии Амрико дар рӯзҳои ахир пас аз хуруҷ аз Сурия вориди минтақаи Курдистони Ироқ шудаанд.