Декабр 27, 2018 13:33 Asia/Dushanbe
  • Cоярӯшани сафари шабона ва сесоатаи Трамп ба Ироқ

Ҳавопаймои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чаҳоршанбешаб дар як пойгоҳи ҳавоии амрикоӣ дар ғарби Ироқ бар замин нишаст.

Сафари шабонаи Трамп ба вилояти Аланбор агарчӣ ба гуфтаи дафтари нахуствазирии Ироқ ба ин дафтар эълом шуд, аммо нишон дод, вуруди Трамп ба пойгоҳи ҳавоии “Айнуласад” дар вилояти Аланбор хориҷ аз урфи байналмилалӣ аст ва анҷоми ин кор ва такрори он аз касе монанди Трамп дур аз зеҳн нест.

Дар айни ҳол, дидори раисҷумҳури Амрико бо Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ дар Бағдод ба иллати ихтилоф бар сари наҳваи баргузории он лағв шуд. Он чӣ масъулони ироқӣ борҳо бар он таъкид карданд, эҳтиром ба асли ҳокимияти миллии Ироқ аст ва сафари мустақими Трамп ба вилояти Аланбор нишон медиҳад, раисҷумҳури Амрико ба ин асли муҳим таваҷҷуҳ накардааст.

Бетаваҷҷуҳии раисҷумҳури Амрико ба асли ҳокимияти миллии Ироқ дар ҳоле аст, ки таҷрибаи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар ин кишвар акнун ироқиҳоро дар ҷабҳаи воҳиде барои хориҷ кардани низомиёни амрикоӣ аз Ироқ қарор додааст.

Ин ки Трамп ҳамзамон бо вуруд ба пойгоҳи ҳавоии “Айнуласад” дар вилояти Аланбор мегӯяд: “Ба ҳеҷ унвон қасд надорад нерӯҳои амрикоиро аз Ироқ хориҷ кунад”, мавриди таъйиди мардум ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва муқовимати Ироқ нест.

Агар ҳамон тавр, ки баҳонаи шикасти ДИИШ дар Сурия сабаб шуд Трамп 19 -уми декабри соли 2018 эълом кунад, нерӯҳои худро аз ин кишвар хориҷ мекунад, ҳамин баҳона дар Ироқ ҳам вуҷуд дорад. Гурӯҳи террористии ДИИШ як соли пеш бо талоши ироқиҳо шикаст хурд ва авоили декабри имсол дар шаҳрҳои мухталифи Ироқ ҷашни пирӯзӣ дар нахустин солгарди шикасти ДИИШ баргузор шуд.

Таъкиди Трамп бар мондани нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ бидуни баҳона аст ва акнун бо шикасти ДИИШ дигар далеле барои идомаи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ вуҷуд надорад. Хуруҷ аз Сурия ва таъкид бар мондан дар Ироқ, нишон аз тазод дар сиёсати Амрико дорад. Агар ба ҷумлаи баъдии Трамп дар ҷамъи низомиёни амрикоӣ дар Аланбор таваҷҷуҳ шавад, нишон медиҳад, “хуруҷ аз Сурия ба маънои поёни дахолати Амрико дар он кишвар нест”. Раисҷумҳури Амрико чаҳоршанбешаб дар пойгоҳи “Айнуласад” гуфт: “Агар бихоҳем амалиёте дар Сурия анҷом диҳем, мумкин аст аз Ироқ ба унвони пойгоҳ истифода кунем”.

Ин дугонагӣ дар сиёсати Амрико дар қиболи Сурия дар мавзеъгирии русҳо ҳам машҳуд аст. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Маскав аз хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Сурия истиқбол мекунад, аммо аз далоил ва ангезаҳои ин иқдом беиттилоъ аст.

Ба ҳар ҳол, он чӣ акнун аз ҷомеаи Ироқ садои воҳиде ба гӯш мерасад, мухолифат бо идомаи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ буда ва ин масъала ба мутолибаи миллӣ табдил шудааст. Дар ҳамин замина, Ҳошими Мусавӣ, сухангӯи расмии ҷунбиши Аннуҷабои Ироқ чаҳоршанбешаб дар вокуниш ба сафари Трамп ба вилояти Аланбор, бо баёни ин ки хоки Ироқ ҷойи пойгоҳҳои низомии Амрико нест, таъкид кард: “Давлати Ироқ вазифа дорад нерӯҳои амрикоиро ба ин эътибор, ки ҳузурашон дар Ироқ ба ҳокимияти кишвар осеб мерасонад, берун кунад”.

Ирода ва хости ироқиҳо барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ ва бениёзӣ ба онон бар асоси таҷрибае аст, ки ин кишвар бо такя бар нерӯи мардумӣ тавонист ДИИШ - ро шикаст диҳад. Ҳангоме, ки хатари ДИИШ дар Ироқ ба авҷи худ расида буд, нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла амрикоиҳо бо давлати Ироқ ҳамроҳӣ накарданд. Дар ҳамин замина, сарлашкар Ҳомид Атия Алмолики, фармондеҳи нерӯи ҳавоии Ироқ ахиран изҳор кард, мусташорон (мушовирон) - и низомии хориҷӣ бо наздик шудани хатари ДИИШ ба Бағдод, пойтахти Ироқ, ба кишварҳояшон гурехтанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеият, таъкиди Доналд Трамп дар сафари сесоата ба Аланбор, бар мондани низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ба маънои дилсӯзӣ ва нақшофаринӣ дар барқарорӣ ва ҳифзи амнияти ин кишвар нест ва беш аз пеш бар ибҳомоти сенарияи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия ва мондани онон дар Ироқ меофзояд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп