Декабр 27, 2018 18:14 Asia/Dushanbe
  • Муҳиммтарин фармондеҳи Толибони Ҳирот кушта шуд

Сухангӯи волии Фароҳи Афғонистон эълом кард, муҳиммтарин фармондеҳи ҷангии Толибон дар ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймои бидунисарнишини низомиёни хориҷӣ ба номи “ҳимояти қотеъ” дар шаҳристони Болоблоки ин вилоят кушта шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳибуллоҳ Муҳиб рӯзи панҷшанбе ба расонаҳои маҳаллии Афғонистон гуфт, ки Мулло Самад, машҳуртарин чеҳраи ҷангӣ ва низомии Толибон дар тамоми вилояти Ҳирот буд, ки ҳар аз гоҳ барои ҳимояти Толибон дар Фароҳ низ ҳузур пайдо мекард.

Муҳиб афзуд, Мулло Самад асри рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳристони Болоблок пас аз як кори иттилоотии дақиқ, ҳадаф қарор гирифт ва се тан аз афроди вай ҳам кушта шуданд.

Сухангӯи волии Фароҳи Афғонистон бовар дорад, ки кушта шудани Мулло Самад таъсири мусбат бар вазъияти амниятии вилоятҳои Фароҳ ва Ҳирот хоҳад дошт.