Ҳалокати саркардаи ДИИШ ва ҳамроҳонаш дар шарқи Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40539-Ҳалокати_саркардаи_ДИИШ_ва_ҳамроҳонаш_дар_шарқи_Афғонистон
Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар амалиёти худ зидди мавозеи гурӯҳи террориисти ДИИШ дар вилояти Нангарҳор, як саркардаи аслии ин гурӯҳ ва ҳамроҳонашро ба ҳалокат расонданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 29, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати саркардаи ДИИШ ва ҳамроҳонаш дар шарқи Афғонистон

Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар амалиёти худ зидди мавозеи гурӯҳи террориисти ДИИШ дар вилояти Нангарҳор, як саркардаи аслии ин гурӯҳ ва ҳамроҳонашро ба ҳалокат расонданд.

Ба гузориши ИРНА, дафтари матбуоти волии Нангарҳори Афғонистон рӯзи шанбе эълом кард, Хитоб Боҷурӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ, ҷумъашаб дар амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ дар шаҳристони Ачини Нангарҳор ба ҳамроҳи 16 нафар аз афродаш кушта шуданд.

Рӯз панҷшанбеи гузашта низ Султон Азиз Изом, саркардаи дигари ДИИШ дар ҳамлаи ҳавоӣ дар вилояти Нангарҳор кушта шуд.

Вилояти Нангарҳор, маркази аслии фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон ба шумор меравад.

Мақомоти афғон борҳо эълом кардаанд, гурӯҳи террористии ДИИШ аз кумакҳои молӣ ва таслиҳотии хориҷӣ дар Афғонистон бархӯрдор аст.