Афзоиши марги бехонумонҳо дар Англия+ видео
Расонаҳо дар Англия аз марги 600 бехонумон дар соли гузашта дар ин кишвар хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, муассисоти хайрия дар Англия бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши шумори бехонумонҳо дар ин кишвар эълом карданд, дар панҷ соли ахир шумори бехонумонҳо ду баробар шудааст ва ин афрод бештар дар сарпаноҳҳои муваққат, чодар, гузаргоҳҳои умумӣ ва дар рӯи куча вахиёбон рӯзгор мегузаронанд.
Муассисаи хайрияи “Shelter” эълом кард, ҳамакнун 320 ҳазор бехонумон дар Англия дар шароити номуносибе басар мебаранд, ки шумори онон 13 ҳазор нафар бештар аз соли пеш шудааст.
Бар асоси гузориши ин муассиса, дар соли 2018 ҳар рӯз 36 хонавор бехонумон шуданд ва бештарин рушди бехонумонҳо низ дар Лондон ба сабт расидааст.
Хонум Поли Нэт, фаъоли ҳуқуқи башар дар Англия бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши шумори бехонумонҳо дар ин кишвар гуфт, паёмадҳои коҳиши хадамоти иҷтимоӣ ва рифоҳӣ сабаб шудааст, ҳатто афроди корманд ҳам натавонанд ҳазинаҳои иҷораи хонаро бипардозанд.
Муассисоти хайрия дар Англия, шумори кӯдаконеро, ки дар иқоматгоҳҳои номуносиб ва муваққат басар мебаранд, 120 ҳазор нафар эълом карданд ва дар бораи идомаи ин вазъият ҳушдор доданд.