Нахуствазири собиқи Покистон назофатчии зиндон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40543-Нахуствазири_собиқи_Покистон_назофатчии_зиндон_шуд
Нахуствазири собиқи Покистон, ки ба таҳаммули 7 сол ҳабс бо шароити душвор маҳкум шудааст, ба назофати зиндон гумошта шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 29, 2018 16:24 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири собиқи Покистон назофатчии зиндон шуд

Нахуствазири собиқи Покистон, ки ба таҳаммули 7 сол ҳабс бо шароити душвор маҳкум шудааст, ба назофати зиндон гумошта шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Навоз Шариф, ки пеш аз ин се давра нахуствазири Покистон буда дар даврони ҳабс худ муваззаф аст, муҳити зиндонро тамиз кунад ва монанди дигар зиндониҳо бо ӯ, бархӯрд мешавад.

Ӯ дар нахустин рӯзҳои ҳабси худ утоқи нигаҳбонони зиндонро тамиз кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Навоз Шариф барои омӯзиш ба зиндониён эъломи омодагӣ карда буд, вале ба далоили амниятӣ аз ин иқдом ҷилавгирӣ шуд.

Ин сиёсатмадори 69 солаи покистонӣ, ки се бор нахуствазири ин кишвар будааст, ба ҷурми фасоди иқтисодӣ ба ҳабс маҳкум шудааст.