Болтон ба Туркия ва арозии ишғолӣ меравад
Декабр 30, 2018 17:44 Asia/Dushanbe
Мушовири амнияти миллии Амрико аз сафари қарибулвуқуи худ ба арозии ишғолӣ ва Туркия хабар дод.
Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико эълом кард, ки қасд дорад, ба зудӣ ба манзури баррасии паёмадҳои ақибнишинии нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия ва таҳаввулоти минтақа ба арозии ишғолӣ ва Туркия сафар кунад.
Болтон дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Мо дар хусуси идомаи иқдомотамон ҷиҳати муқобила бо чолишҳои амниятии пешорӯи ҳампаймонон ва шариконамон дар минтақа аз ҷумла марҳалаи баъдии мубориза бо ДИИШ гуфтугӯ хоҳем кард.