Декабр 30, 2018 21:04 Asia/Dushanbe
  • 64 кушта ва захмӣ дар тирандозиҳои Амрико

Дар 56 тирандозии 24 соати гузашта дар Амрико, 18 нафар кушта ва 46 нафар захмӣ шудаанд.

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико эълом кард, дар тирандозиҳои шабу рӯзи гузашта дар иёлотҳои мухталифи Амрико 18 нафар кушта ва 46 нафар захмӣ шуданд.

Бештарин теъдоди кушта ва захмиҳо дар иёлотҳои Луизиана, Коннектикут, Огайо, Техас, Невада ва Пенсилвания рӯй додааст.

Дар 48 соати гузашта, 173 мавриди тирандозӣ дар иёлотҳои мухталифи Амрико гузориш шудааст, ки дар натиҷа 47 нафар кушта ва 108 нафар захмӣ шудаанд.

 

Барчасп