Хон Алаҳмар намоди шикасти саҳюнистҳо дар соли 2018
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40574-Хон_Алаҳмар_намоди_шикасти_саҳюнистҳо_дар_соли_2018
Пойгоҳи иттилоърасонии Фаластин бо ишора ба муқовимати фаластиниҳо дар рустои Хон Алаҳмар ва ақибнишинии режими саҳюнистӣ аз тахриби ин русто дар соли 2018, Хон Алаҳмарро намоди шикасти режими саҳюнистӣ дар ин сол донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 30, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
  • Хон Алаҳмар намоди шикасти саҳюнистҳо дар соли 2018

Пойгоҳи иттилоърасонии Фаластин бо ишора ба муқовимати фаластиниҳо дар рустои Хон Алаҳмар ва ақибнишинии режими саҳюнистӣ аз тахриби ин русто дар соли 2018, Хон Алаҳмарро намоди шикасти режими саҳюнистӣ дар ин сол донист.

Ин пойгоҳи хабарӣ бо интишори гузорише эълом кард, сокинони рустои Хон Алаҳмар воқеъ дар шарқи Қудс чаҳор моҳ дар баробари тахриби хонаҳояшон истодагӣ карданд ва акнун хоҳони интиқоли ин таҷрубаи пирӯзмандона ба дигар манотиқи Фаластини ишғолӣ ҳастанд.  

Валид Асоф, раиси кумитаи муқобила бо сохти девори ҳоил ва шаҳраксозиҳо гуфт: Муқовимати фаластиниҳо монеи тавсеаи шаҳраксозӣ дар рустои Хон Алаҳмар шуд ва ончи дар ин русто иттифоқ афтод, дар ҳақиқат дифоъ аз арзишҳо ва ормонҳои фаластиниён буд.

Асоф бо таъкид бар инки Хон Алаҳмар дарвозаи Қудси шарқӣ аст, дифоъ аз ин русторо ба маънои дифоъ аз Қудс донист ва шикасти саҳюнистҳо дар ин минтақаро ба маънои шикасти тарҳи онҳо дар тақсими каронаи Бохтарӣ тавсиф кард.