Декабр 31, 2018 21:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Путин дар маҳалли сохтмони тахрибшуда дар Магнитогорск

Раисҷумҳури Русия барои баррасии ҳодисаи инфиҷори шадид дар як сохтмони маскунӣ бар асари нашти газ дар шаҳри Магнитогорск дар ҳазору 700 километрии шимоли шарқи Маскав ба маҳалли ин ҳодиса рафт.

Ба нақл аз Росбалт, бар асари ин инфиҷор, ки соати чаҳори субҳи имрӯз иттифоқ афтод, аз табақаи севум то даҳуми ин сохтмони маскунӣ тахриб шуд.  

Дар ин ҳодиса чаҳор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва 19 захмӣ низ аз зери овор берун оварда шудаанд, аммо сарнавишти 35 сокини ин сохтмон, ки миёни онон як зани тоҷик ва се фарзандаш низ вуҷуд доранд, мушаххас нест.  

Гуфта мешавад, ки Шуҳрат Улфатов, шаҳрванди Тоҷикистон ва падари ин хонавода бар асари ин ҳодиса ба шиддат захмӣ ва ба бемористон мунтақил шудааст, аммо аз сарнавишти хонуми Раҷабмоҳ Исоева ҳамсари 24 сола ва се фарзанди  2, 4 ва 6 солаи вай иттилое дар даст нест.  

Путин бо ҳузур дар маҳалли ҳодиса аз гурӯҳҳои имдод ва наҷот дархост кардааст, ки ҳарчи сареътар барои аз зери овор берун овардани қурбониёни ин инфиҷор талош кунанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия эълом кардааст, ки ба далели осебдидагии зиёди ин сохтмон ҳар лаҳза имкони фуру рехтани бақияи табақоти он вуҷуд дорад, ки ин масъала истифода аз таҷҳизот ва кори наҷотро душвор мекунад.

Вероника Сквортсова, вазири тандурустии Русия, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур дорад, гуфтааст, ки ба далели боло будани мизони тахриби ин сохтмон ва эҳтимоли фуру рехтани бақияи табақот, зинда берун овардани сокинони дар зери овормонда баид аст.