Лавров: Соли 2018 барои Русия соли душвор буд
(last modified Tue, 01 Jan 2019 05:58:32 GMT )
Январ 01, 2019 10:58 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Соли 2018 барои Русия соли душвор буд

Вазири умури хориҷии Русия бо баёни ин ки соли милодии 2018 соли душвор барои Русия буд, гуфт, дар ин сол Маскав аз тарафи кишварҳое, ки “ба мо ба чашми рақиб нигоҳ мекунанд, таҳти фишори камсобиқае қарор дошт”.

Ба гузориши ИРНА аз Маскав, Сергей Лавров дар изҳороте дар остонаи соли ҷадиди милодӣ афзуд, бештарини фишор ба Русия дар соли 2018 аз сӯйи Амрико ҳидоят ва барномарезӣ шуд. Вазири умури хориҷии Русия афзуд: “Мутаассифона, шарикони аврупоии мо, ки хоҳони истиқлоли амал дар иқдомоти онҳо ҳастем, барои чунин мавзеи мустақиле омода нестанд ва ҳатто дар мавориде, ки бар хилофи манофеи онҳост, барои фишор ба Русия аз Амрико пайравӣ мекунанд”. Лавров барои намуна ба радди қатъномаи пешниҳодии Русия барои ҳифзи паймони мушакӣ ишора карда гуфт, беш аз ҳама кишварҳои аврупоӣ аз лағви паймони мушакӣ миёни Русия ва Амрико ибрози нигаронӣ мекунанд, вале бо ин вуҷуд дар Созмони Милали Муттаҳид ба пешнависи Русия дар ин хусус раъйи манфӣ доданд. Вазири умури хориҷии Русия дар идома ба имкони дидори Путин ва Трамп ишора карда гуфт: “Мо борҳо эълом кардаем, ки омодаи музокира бо амрикоиҳо ҳастем, аммо бояд ин суолро аз онҳо пурсид, ки чаро вориди музокира бо Русия намешаванд?”.

Лавров бо баёни ин ки Русия ва Амрико бояд бар асоси ҳуқуқи баробар ва эҳтироми мутақобил ва таваҷҷуҳ ба манофеи якдигар гуфтугӯ кунанд, афзуд, Русия ин воқеиятро дарк мекунад, ки сиёсати хориҷии Амрико то чӣ андоза гаравгони муборизоти сиёсӣ дар дохили ин кишвар аст.