Табрики соли нав ба сабки Трамп
(last modified Wed, 02 Jan 2019 06:26:43 GMT )
Январ 02, 2019 11:26 Asia/Dushanbe
  • Табрики соли нав ба сабки Трамп

Раисҷумҳури Амрико оғози соли навро дар Твиттер ва ба сабки таънаомезе алайҳи мунтақидон, табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар паёми твиттерӣ барои табрики соли нав, зимни ҳамла ба мунтақидон дар бораи дастовардҳояш, бузургнамоӣ кардааст.

Трамп дар ин паём, ки тамоман бо ҳуруфи бузург навишта шуда, овардааст: “Соли нав ба ҳама муборак! ба нафратпароканҳо ва расонаҳои ҷаълӣ ҳам муборак! 2019 барои онҳо, ки ба синдроми ҷунуни Трамп мубтало ҳастанд соли фавқулода хоҳад буд. Фақат ором бошед ва аз гузари замон лаззат бибаред. Барои кишварамон иттифоқоти беназире дар ҳоли рӯй додан ҳастанд”.

“Синдроми ҷунуни Трамп” - истилоҳи кашфкардаи тарафдорони Трамп барои эътиборзудоӣ аз мухолифони ӯ аст. Тарафдорони Трамп унвон мекунанд, ки мухолифони вай ба андозае аз ӯ нафрат доранд, ки ҳангоми шунидани ӯ мантиқ ва ақлонияташонро аз даст медиҳанд.

Трамп ҳамчунин дар як файли видеоӣ бидуни таваҷҷуҳ ба мухолифатҳои байналмилалӣ, аз иқдомоти ғайриқонуние монанди хуруҷ аз БарҶом ва интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудс ба унвони дастоварди давлаташ дар соли 2018 дифоъ кард.