Истиқболи давлати Кобул аз талошҳои Эрон барои барқарории сулҳ дар Афғонистон
Давлати Ваҳдати миллии Афғонистон аз талошҳои Эрон барои барқарории сулҳ дар ин кишвар истиқбол кард.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, Фаридун Хузун, муовини сухангӯи раёсати иҷроӣ зимни истиқбол аз талошҳои Эрон дар раванди сулҳ дар Афғонистон аз тариқи гурӯҳи Толибон гуфт , Теҳрон барои осонсозии музокироти байналафғонӣ талош мекунад.
Фаридун Хузун афзуд, Эрон дар бораи талошҳои худ дар раванди сулҳ ба давлати Афғонистон ҷузъиёт ироа додааст.
Ахиран ҳайате аз гурӯҳи Толибон ба Теҳрон сафар карда ва бо ҳайати эронӣ ба раёсати Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва музокира кард.
Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои Олии амнияти миллии Эрон ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафар ба Кобул (пойтахти Афғонистон) барои нахустин бор аз музокироти Эрон бо гурӯҳи Толибон барои барқарории сулҳ дар ин кишвар хабар дода буд.
матолиби муртабит:
-
Роҳбурди ҷадиди давлати Афғонистон барои музокироти сулҳ бо Толибон
-
Сафири Афғонистон: Эрон, хонаи дувуми мардуми Афғонистон аст