Тағйир дар таркиби Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид
(last modified Wed, 02 Jan 2019 10:05:50 GMT )
Январ 02, 2019 15:05 Asia/Dushanbe
  • Тағйир дар таркиби Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид

Панҷ узви ғайридоими Шӯрои амнияти СММ бо оғози соли ҷадиди мелодӣ ба кори худ поён доданд ва аъзои мунтахаб, аз ҷумла Олмон ва Индонезия ҷойгузини онҳо шуданд.

Ба гузориши ИРНА, Африқои Ҷанубӣ, Олмон, ҷумҳурии Доминика, Белгия ва Индонезия дар таркиби аъзои ғайридоими Шӯрои амният қарор гирифтанд ва то поёни соли 2020 бар ин курсӣ такя хоҳанд зад.

Пеш аз ин Ветнам, Шветсия, Боливия, Нидерландия, Италия ва Қазоқистон манотиқе аз ҷаҳонро дар ин рукни СММ намояндагӣ мекарданд.

Шӯрои амният 10 узви ғайридоим дорад, ки ҳар ду сол бар асоси интихоботи анҷомшуда дар Маҷмаи умумӣ тағйир мекунанд.

Ин тағйир ба гунае анҷом мешавад, ки ҳар сол панҷ узви пешин хориҷ ва панҷ узви ҷадид ҷойгузин мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир илова бар аъзои ҷадид, Кувайт, Перу, Соҳили Оҷ, Гвинеяи устувоӣ ва Полша ҳам дигар узвҳои ғайридоими Шӯрои амният ҳастанд.

Ин ниҳод ҳамчунин панҷ узви доим дорад, ки Русия, Британия, Фаронса, Амрико ва Чин сандалии ҳамешагии ин шӯроро дар ихтиёр доранд.

Ин шӯро ба манзури ҳифзи сулҳу амнияти байналмилал таъсис шудааст, аммо бархе аз аъзои доим ба сурати абзорӣ аз он истифода карда ва манофеу тамаъҳои худро дунбол мекунанд.

Раёсати давраии ин шӯро дар моҳи январ бо ҷумҳурии Доминика аз Амрикои Лотин хоҳад буд.