Январ 03, 2019 12:40 Asia/Dushanbe
  • Чин 10 миллион нафар аз ҷамъияти фақири худро кам мекунад

Раиси дафтари мубориза бо фақри Шӯрои давлатии Чин аз барномарезӣ барои коҳиши 10 миллион нафар аз ҷамъияти фақири ин кишвар дар 2019 хабар дод.  

Лию Йонгфо гуфт: Ҳамчунин бояд 2.8 миллион нафар аз ин афрод ба манзури беҳбуди вазъияти маишат ва раҳоӣ аз фақр, нақли макон кунанд.  

Вай бо ишора ба инки дар 6 соли гузашта беш аз 80 миллион нафар аз ҷамъияти Чин, ки умдатан рустоӣ буданд, аз фақр наҷот ёфтаанд тасреҳ кард, беш аз 700 миллион нафар аз ҷамъияти фақири рустоии Чин дар 40 соли гузашта ба дунболи иҷрои сиёсати ислоҳот ва дарҳои боз, аз фақр ва тиҳидастӣ наҷот ёфтаанд.

Раиси дафтари мубориза бо фақри Шӯрои давлатии Чин пешбинӣ кард, то 2020 ҳамаи ҷамъияти фақири рустоии Чин аз фақр наҷот пайдо кунанд ва дигар шоҳиди фақр дар ин кишвар набошем.

Вай таъкид кард, дар 40 соли гузашта нархи фақр дар рустоҳои Чин аз 97.5 дарсад коҳиш ёфта ва ба камтар аз 2 дарсад расидааст.

Ӯ бо баёни инки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 30 миллион нафар аз ҷамъияти Чин дар фақр ба сар ме‎баранд, таъкид кард, барои таҳаққуқи ҳадафи фақрзудоии комил то 2020 ҳануз ду сол мондааст.