Эрдуғон: Туркия ба қудрати ҷаҳонӣ дар саноеи дифоӣ табдил мешавад
(last modified Thu, 03 Jan 2019 09:17:40 GMT )
Январ 03, 2019 14:17 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Туркия ба қудрати ҷаҳонӣ дар саноеи дифоӣ табдил мешавад

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бо ишора ба ҳаҷми содироти саноеи дифоии кишвараш дар 2018 таъкид кард, ки Туркия се соли оянда ба қудрати ҷаҳонӣ дар саноеи дифоӣ табдил хоҳад шуд.

Эрдуғон ин матлабро дар охирин нишасти ҳизби адолат ва тавсеа дар Анкараи пойтахти Туркия унвон кард.

Вай афзуд: Ҳаҷми содироти кишвараш дар 11 моҳаи нахусти 2018 ба 873 миллион доллар расида ва ин маблағ бо ниме аз ҳаҷми содироти дифоии Туркия баробарӣ мекунад.

Эрдуғон гуфт: Фақат дар Анкара чаҳор ширкати туркияӣ ҷузъи 100 ширкати бузурги дунё дар саноеи дифоӣ ҳастанд ва тавлиди онҳо дар 2017 беш аз 7 миллиард доллар будааст.