Январ 03, 2019 17:43 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти ҷадид барои шаҳрвандони Афғонистон дар Покистон

Вазорати кишвари Покистон номи Афғонистонро аз феҳрасти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд визаи фурудгоҳӣ дарёфт кунанд, ҳазф кард.

Ба гузориши ИСНА, Исматуллоҳ Ҷаниҷӯ, раиси идораи муҳоҷирати Покистон гуфт, ин тасмим бо ҳадафи контроли авзои амниятӣ ва бо таваҷҷуҳ ба ҳассосиятҳои мавҷуд гирифта шуда, зеро омаду шуди террористҳо дар пӯшиши шаҳрвандони афғонистонӣ дар Покистон афзоиш ёфтааст.

Вай гуфт, шаҳрвандони афғонистонӣ бояд сафари худро ба шаҳрҳои мухталифи Покистон пас аз вуруд ба ин шаҳрҳо гузориш диҳанд ва наздиктарин идораи полисро аз ҷузиёти сафари худ огоҳ кунанд.

Тибқи эъломи Созмони Милали Муттаҳид, Покистон дуввумин кишвари бузурги муҳоҷирпазири ҷаҳон аст ва беш аз як миллиону 400 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ дар он кишвар зиндагӣ мекунанд.

Дар рӯзҳои ахир Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон бархе чеҳраҳои зидди покистониро дар давлат мансуб кардааст, ки бархе коршиносон иқдоми Исломободро посухе ба ин интисобот медонанд.