Январ 03, 2019 19:12 Asia/Dushanbe
  • Трамп ин бор нахуствазири Ҳинд ва мардуми Афғонистонро масхара кард

Рӯзномаи “The Times of India” рӯзи панҷшанбе навишт:“Раисиҷумҳури Амрико Нарендра Моди, нахуствазири Ҳиндро ба хотири эъломи сохти китобхона дар Афғонистон мавриди тамасхур қарор дод.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии нашрии “The Times of India”, Доналд Трамп дар ҷаласаи ҳайати давлати Амрико гуфт: «Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд доим ба ман мегӯяд, ки дар Афғонистон як китобхона сохтааст. Ӯ интизор дорад барои иҷрои проекте, ки ҳазинаи он аз панҷ соат ҳузури Амрико дар Афғонистон камтар аст, аз ӯ ташаккур кунам.»

Трамп ҳамчунин бо баёни ин ки намедонад, чӣ касе дар Афғонистон аз китобхонаи сохти Ҳинд истифода мекунад, сохтани китобхона дар Афғонистонро коре бефоида донистааст.

Рӯзномаи “The Times of India” дар идома навиштааст: “Мушаххас нест ишораи раисиҷумҳури Амрико ба чӣ проекте аст, аммо Ҳинд аз замони ҳамлаи эътилофи нерӯҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико ба Афғонистон дар соли 2001, ба се миллиард доллар кумаки молӣ ба ин кишвари ҷангзада мутааҳҳид шудааст.

Сохти мадраса, ихтисоси як ҳазор бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни афғон дар ҳар сол ва сохти бинои парлумон, аз ҷумлаи иқдомоти Ҳинд дар Афғонистон аст.

Рӯзномаи “The Huffington Post” низ соли гузашта дар гузорише навишт: “Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико лаҳҷаи англисии Нарендра Моди, нахуствазири Ҳиндро тақлид кардааст”.

Раисиҷумҳури Амрико моҳи гузашта эълом кард, ки ин кишвар тамоми ду ҳазор нерӯи низомии худро аз Сурия ва ҳамчунин ниме аз 14 ҳазор нерӯи низомии ин кишвар дар Афғонистонро хориҷ мекунад.

Трамп далели ин тасмими худро коҳиш ҳазинаҳои давлати Амрико эълом кардааст.